Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими тараққиёти илму маориф ва беҳбудии зиндагии мардуми тоҷик
Ваҳдати миллӣ имрӯз ҳамчун яке аз пояҳои устувори давлатдорӣ ва рушди ҷомеа шинохта мешавад. Агар истиқлолият ба миллат озодӣ ва ҳокимияти мустақилро армуғон оварда бошад, пас ваҳдат шарти муҳими ҳифз, таҳким ва густариши ин дастовардҳо мебошад. Давлате, ки шаҳрвандонаш муттаҳид буда, барои расидан ба ҳадафҳои умумимиллӣ талош менамоянд, метавонад ҳама гуна мушкилоту монеаҳоро бомуваффақият паси сар кунад. Баръакс, ихтилофу ҷудоиандозӣ метавонанд ба амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеа зарари ҷиддӣ расонанд.
Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои волои сиёсӣ ва иҷтимоии ҳар як давлату миллат маҳсуб ёфта, дар таъмини суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ эътироф гардидааст. Ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи сулҳу оромӣ, балки кафили пойдории давлат ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад.
Ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, бунёди роҳҳои муосир, тақвияти иқтидори гидроэнергетикӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ самараи бевоситаи фазои сулҳу ваҳдат мебошад.
Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои ваҳдати миллӣ рушди соҳаи илму маориф аст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумора ва сатҳи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ афзоиш ёфта, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таҳқиқоти илмӣ ислоҳоти муҳим амалӣ гардиданд. Имрӯз ҷавонони тоҷик имконият доранд дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, донишҳои муосирро аз худ кунанд ва дар рушди минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Дар фазои сулҳу ваҳдат илм ва навоварӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд. Давлат барои дастгирии олимон ва муҳаққиқон шароити мусоид фароҳам оварда, низоми ҷоизаҳои илмиро тақвият бахшидааст. Ҷоизаҳои давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигар мукофотҳои илмӣ барои ҳавасманд намудани олимон ва ҷавонони соҳибистеъдод нақши муҳим доранд.
Пешрафти илму маориф на танҳо ба рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад, балки ба таҳкими ҳувияти миллӣ, худшиносии шаҳрвандон ва ҳифзи мероси фарҳангии миллат низ таъсири мусбат мерасонад. Миллате, ки таърихи худро эҳтиром мекунад ва фарҳанги худро пос медорад, метавонад дар арсаи байналмилалӣ бо ифтихор ва эътимод қадам гузорад.
Ваҳдати миллӣ инчунин дар эҳё ва рушди арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии миллат нақши калидӣ мебозад. Дар даврони истиқлолият омӯзиши таърих, эҳёи суннатҳои миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи миллат густариш ёфтааст. Ин равандҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳсоси ифтихори ватандорӣ мусоидат менамоянд.
Бо шарофати ваҳдати миллӣ мо тавонистем ба низоъҳои дохилӣ хотима бахшида, сулҳу оромиро дар кишвар пойдор созем. Ин дастоварди таърихӣ барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва фароҳам овардани заминаи устувор барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон мусоидат намуд.
Имрӯз нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳу ваҳдат бисёр муҳим мебошад. Насли ҷавон бояд дарк намояд, ки сулҳу оромӣ ба осонӣ ба даст наомадааст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ яке аз роҳҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ аҳамияти ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар мегардад. Таҳдидҳои гуногуни идеологӣ ва кӯшишҳои халалдор сохтани суботи ҷомеа тақозо мекунанд, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд бардошта шуда, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ густариш ёбад.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар, пешрафта ва боэътимод шинохта шудааст. Ҳамаи дастовардҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат ба даст омадаанд. Ин воқеият бори дигар собит месозад, ки ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили рушди давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши муқаддас ҳифз намояд. Эҳтироми якдигар, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ вазифаи умумии ҳамаи сокинони кишвар аст. Танҳо бо ҳифзи ин арзишҳо Тоҷикистон метавонад ба ҳадафҳои стратегии худ расида, ҳамчун давлати пешрафта, обод ва соҳибнуфуз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи арзандаро ишғол намояд.
Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик на танҳо дастоварди бузурги гузашта, балки кафолати ояндаи дурахшон ва рушди устувори кишвар мебошад.
Сатторзода С.А. – мудири шуъбаи муайянкунии маводҳои таъиноташон дуҳадафа ва назорати содироти маводҳои ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ.
Муродзода Ш. – ходими калони илмии шуъбаи бехатарӣ ва амнияти ядроӣ ва радиатсионии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ.